Дар се моҳи баъд аз таркиши интиҳории 3-юми сентябр дар Хуҷанд, кормандони интизомӣ 50 нафари марбут ба ҲИУ-ро боздошт кардаанд.
Шариф Назаров – сардори идораи мазкур гуфт, тафтишоти аввалия муайян кардааст, ки бархе аз боздоштшудаҳо собиқаи 5 -6 солаи фаъолият дар ҲИУ-ро доранд. Вай ҲИУ-ро як шабакаи густарда номид, ки аъзояш аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар, аз ҷумла дар Русия ба сар мебаранд.
Вай афзуд, 5 тан аз гурӯҳи мазкур бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт ва ба вилояти Суғд истирдод шудаанд ва 3 нафари дигар низ дар он кишвар дастгир шуда, дар ҳоли ҳозир дар маҳбаси Русия нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҷаноби Назаров ҳамчунин гуфт, ин афрод барои таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва тарҳрезиву анҷоми амалҳои террористӣ айбдор мешаванд ва тафтиши аъмоли онҳо дар як парванда сурат мегирад ва тафтиши онро як гурӯҳи вижаи иборат аз кормандони интизомӣ пеш мебарад.
Ба гуфтаи вай, умри аксари афроди ин гурӯҳ аз 18 то 30 сола буда, 37 нафари онҳо сокини Истаравшан, 2 нафар сокини Хуҷанд, 4 тани онҳо сокини Исфара ва як нафарӣ аз Конибодому Душанбе ва ноҳияи Спитамен мебошанд.
Ҳамчунин кормандони интизомии Суғд дар соли 2010 дар шимоли Тоҷикистон 17 нафарро ба гумони узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт кардаанд. Ба гуфтаи сардори идораи мазкур, ду нафари онҳо сокини вилояти Самарқанди Узбакистон буда, дар муддати 5 соли ахир дар шимоли Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебурданд. 3 нафар қаблан бо ҷурми фаъолият дар Ҳизбуттаҳрир замонеро дар зиндон сипарӣ карда, 4 нафар аз ин гурӯҳ низ муддате бо ҷурмҳои дигар дар ҳабс будаанд.