Тафтиши инфиҷор дар Хасавюрт шурӯъ шуд

Дар робита ба таркиш дар канори як тарабхонаи шаҳри Хасавюрти Доғистон аз рӯи банди “терроризм” парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба иттилоъи Кумитаи тафтишоти Русия, дар ин ҳодиса се кас кушта ва панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол ёфтанд. Шоми ҷумъа дар канори тарабхона як мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд. Масъулияти ин ҳамларо ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.