Полиси Тунис эътирозгаронро бо газ пешвоз гирифт

Дар маркази пойтахти Тунис полис эътирозгаронро бо гази ашковар пешвоз гирифт. Дар ин байн ширкатҳои сайёҳӣ саъй доранд, туристҳоро аз ин кишвар берун кашанд.

Рӯзи ҷумъа дар назди бинои вазорати корҳои дохилии Тунис тахминан панҷ ҳазор нафар гирдиҳам омада, истеъфои фаврии Зайналобиддин Бен Алиро тақозо намуданд. Баъзе эътирозгарон ба болои боми вазорат баромаданд.

Рӯзи панҷшанбе президенти Тунис тариқи телевизион суханронӣ намуда, ваъда дод, ки дар интихоботи президентии соли 2014-ум номзадиашро пешниҳод намекунад.

Ӯ гуфт, аксари талабҳои мардумиро қабул дорад:

Мардуми Тунис дар дохил ва хориҷи кишвар, мардону занони тунисӣ, мехоҳам имрӯз ба шумо муроҷиат кунам. Мехоҳам муроҷиат кунам, зеро вазъ моро ба ислоҳот водор мекунад. Ин ислоҳот бояд амиқ ва фарогир бошад.”

Бен Алӣ, ки 23 сол боз президенти Тунис аст, ҳамчунон ба полиси кишвараш фармон додааст, тирандозӣ бар зидди тазоҳуркунандагонро қатъ кунанд.