Эътирозҳои Тунис идома доранд

Tunisia -- Demonstrators hold up their hands as if they are handcuffed and shout slogans in front the Interior ministry in Tunis, 14Jan2010

Сарфи назар аз гузаштҳои президенти Тунис дар ин кишвар раҳпаймоиҳои густарда идома доранд. Назар ба гузоришҳои расида дар назди бинои вазорати корҳои дохилии Тунис тахминан панҷ ҳазор нафар гирдиҳам омада, истеъфои фаврии Зайналобиддин Бен Алиро дар тақозо намуданд. Рӯзи ҷумъа иттилоъ дар бораи бархӯрд нашр нашудааст. Иттифоқи касаба аз тунисиҳо дархост намуд, ки рӯзи ҷумъа коршиканӣ кунанд. Рӯзи панҷшанбе президенти Тунис тариқи телевизион суханронӣ намуда, ваъда дод, ки дар интихоботи президентии соли 2014-ум номзадиашро пешниҳод намекунад.

Ӯ гуфт, аксари талабҳои мардумиро қабул дорад:

“Мардуми Тунис дар дохил ва хориҷи кишвар, мардону занони тунисӣ, мехоҳам имрӯз ба шумо муроҷиат кунам. Мехоҳам муроҷиат кунам, зеро вазъ моро ба ислоҳот водор мекунад. Ин ислоҳот бояд амиқ ва фарогир бошад.”

Бен Алӣ, ки 23 сол боз президенти Тунис аст,ҳамчунон ба полиси кишвараш фармон додааст, тирандозӣ бар зидди тазоҳуркунандагонро қатъ кунанд.