Дар ҳоле, ки мавҷи тазоҳуроти эътирозӣ саросари Тунисро фаро гирифтааст, Зине Эл Абидине Бен Алӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки намехоҳад баъд аз хатми мӯҳлати расёсати ҷумҳуриаш дар соли 2014 дар интихоботи расёати ҷумҳурӣ ширкат ҷӯяд. Вай 23 сол раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда дорад. Раиси ҷумҳур ба пулиси кишвараш фармон додааст, ки тирандозӣ бар зидди тазоҳуркунандагонро қатъ кунанд ва қавл додааст, ки нархи қанду шир ва нонро дар кишвар поин мебарад. Ин суханони раиси ҷумҳур дар ҳоле садо додааст, ки рӯзи панҷшанбе пулис бар зидди тазоҳуркунандагон дар Тунис оташ кушодааст ва дастикам як нафар кушта шудааст. Аммо гурӯҳҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки дар ин тирандозӣ бештар аз 60 нафар кушта шудаанд. Сабаби тазоҳурот боло рафтани сатҳи бекорӣ дар Тунис будааст.