Озарбойҷон ва Аврупо тавофуқоти интиқоли газ имзо карданд

Иттиҳодияи Аврупо ва Озарбойҷон эъломияе имзо карданд ва тибқи он Озарбойҷон ӯҳдадор шудааст, то барои муддати тӯлонӣ Аврупоро бо газ таъмин кунад. Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон ин эъломияро рӯзи панҷшанбе дар Боку дар ҷараёни боздиди Бароссо имзо карданд. Дар эъломия омадааст, ин нахустин тавофуқи хаттии Озарбойҷон дар бораи таъмини Аврупо бо газ аст. Тибқи ин эъломия Озарбойҷон Аврупоро бо миқдори кофии газ таъмин мекунад, миқдоре, ки битавонад заминаи эҳдоси лулаи коридори ҷанубиро фароҳам орад. Ин лула хориҷ аз қаламрави Русия бояд гази Дарёи Хазарро ба Аврупо интиқол диҳад.