Шӯрои мазҳабии мусулмонони Тотористон истеъфои Гусман Исҳоқов-муфтии ин ҷумҳурии мухтори Русияро пазируфт. Исҳоқов 53 сол дорад ва моҳи феврали соли 2010 бори чаҳорум муфтии ин ҷумҳурӣ интихоб шуда буд. Вай истеъфои худро рӯзи панҷшанбе дар як конфронс дар Қазон эълон кард. Дар бораи сабабҳои ин истефо тавзеҳот дода нашудааст. Вай аз соли 1988 то ҳол муфтии Тотористон буд. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки Исҳоқов зери фишори ҳукумат ба истеъфо рафтааст.