Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, гузориши ниҳоии Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоии Русия (МАК) оид ба тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймои ТУ-154 дар канори шаҳри Смоленскро “нокомил” номид. 10 апрели соли гузашта бар асари суқути ин ҳавопаймо 96 нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳур Лех Качинскӣ, хонуми ӯ Мария ва сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ ба ҳалокат расиданд. Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоии Русия дар ин фоҷиа сарнишинҳои ҳавопайморо айбдор кардааст, ки, ба иттилоъи МАК, аз шинондани ТУ-154 дар фурудгоҳи эҳтиётӣ сарпечӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Доналд Туск, дар гузориш на ҳама эродҳои мутахассисони лаҳистонӣ ба инобат гирифта шудааст. Ӯ афзуд, мехоҳад ба хотири таҳияи гузориши муштарак ва бо назардошти мавқеъи Лаҳистон бо мақомоти Русия машварат кунад