Мақомоти Бразилия хабар доданд, ки теъдоди қурбониёни обхезӣ ва ярч дар ҷанубу шарқи кишвар ба 335 нафар расид. Бар пояи иттилоъи ахир, аз ин офати табиӣ дар шаҳрҳои Нова-Фрибургу 155 нафар, дар Тересополис 146 нафар ва дар Петрополис 34 нафар ҷон бохтаанд. Айни ҳол дар шимоли аёлати Рио-де-Жанейро корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд.
Гуфта мешавад, ки талафот бар асари офати табиӣ шояд бештар бошад, зеро одамони зиёде беному нишон ғайбздаанд ва наҷотбахшон ҳанӯз ба манотиқи дурдасти гирифтори обхезиву ярч нарасидаанд.
Бар асари обхезиҳо дар Бразилия, ки баъд аз боронгариҳои шадид ба амал омад, ҳазорон нафар аз манзили зист маҳрум мондаанд.