Тоҷикистон ба протоколи қарордоди Мадрид дар бораи сабти байналмиллалии нишони колоҳо пайваст. Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, дар ин бора намояндагони порламон санаде ба тасвиб расондаанд. Фаррух Ҳамралиев-вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст, пайвастани Тоҷикистон ба ин протокол ба Тоҷикистон барои даромадан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ҷилавгирӣ аз воридоти колоҳои ҷаълшудаи ширкатҳо кӯмак мекунад.