Собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва намояндаи президент дар ноҳияи Вахш Сайвалӣ Нуров дар авбошӣ муттаҳам дониста шуд.
Ахиран додгоҳи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон пас аз баррасии беш аз думоҳаи парвандаи Сайвалӣ Нуров, ӯро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар), маҳкум кард.
Парвандаи ҷиноятии Сайвалӣ Нуров дар пайи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ шудааст. Ба иддаои додситонӣ, номзад ба вакилии парлумон Сайвалӣ Нуров дар рӯзи баргузории интихобот, раиси яке аз қитъаҳои раъйдиҳии ноҳияи Вахшро мавриди латукӯб қарор додааст. Иддаое, ки худи ҷаноби Нуров онро рад мекунад.
Вай дар як тамоси қаблӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд: «Инҳо (мақомот) танҳо ба хотири сенсатсиясозӣ ва ба хотири пирӯзии номзади расмии Ҳизби халқии демократӣ (Абдуҷалол Салимов) ин ҳама корро ташкил карданд. Вагарна, ман ҳам узви фаъоли ҳамин ҳизб ҳастам, дафъаи гузашта номзади ҳамин ҳизб ба вакилии парлумон будам. Ҳангоме ки нозирони мо хабар доданд, ки дар фалон қитъаи раъйгирӣ ба тақаллуби овозҳо роҳ дода истодаанд, ман аз раиси ҳамин участка танҳо талаб кардам, ки ба қонуншиканӣ роҳ надиҳад, ин ҷо тақдири номзад ва интихобкунандагонаш ҳал мешавад…»
Дар воқеъ Сайвалӣ Нуров натавонист дар ин интихобот баранда шавад (вай чизе беш аз 16 дарсади ороро касб кард), ҳарчанд дар интихоботи гузаштаи соли 2005 аз ҳамин ҳавза( Вахш-32), вай 92 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуда буд.
Сайвалӣ Нуров, узви фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, собиқ раиси навоҳии Вахш ва Қумсангир, муовини пешини раиси вилояти Хатлон мебошад.
Вай аз додраси мурофиа хостааст, бо таваҷҷӯҳ ба хизматҳои тӯлонияш дар мақомоти давлатӣ, парвандаи ҷиноияшро лағв кунанд. Аммо додгоҳ ба вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ҷазои ҳадди ақалро таъин кард.
Моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноии кишвар ҷазои ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 маоши ҳадди ақал, ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Абдураҳим Раҳимов, додситони вилояти Хатлон, дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт: «азбаски нисбат ба Нуров парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд ва суд ҳукми айбдоркунанда баровардааст, ин доғи судӣ ҳисоб мешавад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи додситони Хатлон, Сайвалӣ Нуров бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Бохтар норозӣ буда, ба додгоҳи таҷдиди назар, яъне додгоҳи вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурдааст. Феълан додгоҳи зинаи болоӣ ба таҳқиқи шикояти Нуров машғул аст.