Шоираи тоҷик, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, муаллифи маҷмӯъаҳои «Шаббода», «Таваллуди фарёд» ва «Ҳарими ғунчаҳои сабз» Мавҷигули Зардодхон бар асари бемории нобаҳангом дар сини 47- солагӣ аз олам даргузашт.
Мавҷигул дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон таваллуд шуда пас аз хатми Донишгоҳи милли Тоҷикистон, фаъолияташро дар маҷаллаи «Машъал» оғоз ва сипас ба ҳайси хабарнигор дар идораи радио телевизиони Бадахшон кор кардааст. Солҳои охир дар Анҷумани таълимоти мазҳабии тариқаи исмоилия дар бахши марбут ба занон фаъолият намудааст. Шоира дар баробари ашъори пуршӯр аз худ як фарзанд бо номи Шерзод боқӣ гузошт.
Адабиётшинос Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар сарсухан ба як маҷмӯъаи шоира, Мавҷигулро шоираи пурэҳсостарини Бадахшон унвон кардааст, ки дар масири шеърофаринӣ, бо қалби пуршӯр ва виқор гом мегузорад ва мегӯяд «варо аз шеър дарёбед». Худи шоира мегӯяд:
Ҳар кӣ будам, ҳар чӣ будам, суст ё вологуҳар,
Шеър мегуфтам зи умқи синаи пур аз шарар.
Ба гуфтаи ҳамкорон, Мавҷигул солҳои охир ба маснавихонӣ шавқи беандоза пайдо карда, қисмати зиёди «Маснавӣ»-ро аз бар карда, нияти эҷоди асаре дар пайравии афкор ва фалсафаи Мавлоно дошт, вале афсус, ки ба оғӯши хок рафт.