Қарор аст, имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар маросими ёдбуди қурбониёни тирандозии аёлати Аризона ширкат ҷӯяд. Дар ин тирандозӣ, ки шанбеи гузашта рух дод, 6 нафар кушта, 13 нафар захмӣ шуданд. Дар миёни афроди тирхӯрда Габриел Гиффордзи 40-сола ва намояндаи Ҳизби Демокарат дар Конгресси Амрико низ ҳаст. Пизишкон гуфтаанд, ки акнун хонум Гиффордз худаш бидуни кӯмаки дастгоҳҳои вижа нафас мекашад.