Боздошти аҳли маросими "дафн"-и демократия

Пулиси Алма-Ато имрӯз чанд тан аз фаъолонеро, ки мехостанд ба нишони эътироз ба пешниҳоди аз роҳи райъпурсӣ то соли 2020 тамдид кардани замони раёсати раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рӯбарӯи қароргоҳи ҳизби ҳокими Нур-Отан маросими дафни рамзии демократияро барпо кунанд, дастгир кард. Ин эътирозро созмони ғайридавлатии “Рух пен тил” ташкил карда буд ва тазоҳургарон тобути қоғазиеро, ки дар дохилаш гӯё ҷанозаи демократия хоб буд, вориди майдони тазоҳурот шуданд. Вале нирӯҳои пулис ҳамаи эътирозгаронро боздошт кард. Як гурӯҳи ташаббускор бо талаби баргузории райъпурсӣ ба манзури тамдиди замони раёсати Назарбоев алакай 4,3 миллион имзо гирд овардааст, ки бояд имрӯз ба Куммиссиюни интихобот супурда шаванд.