Реадмиссия ё қарордоди ояндаи Маскаву Душанбе чӣ маъно дорад?

Пешбинӣ шудааст, ки соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷиратии Тоҷикистону Русия дар бораи реадмиссия қарордоде имзо кунанд. Дар сурати имзои ин қарордод, ҷониби Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро бо пули худ аз Русия ба Тоҷикистон баргардонад.
Боғшоҳи Лашкарбек- таҳлилгари тоҷик дар умури муҳоҷират дар Маскав, реадмиссияро чунин тавзеҳ дод:

Ҷавоб: Реадмиссия иваз намудани шаҳрвандон, яъне Русия бояд шаҳрвандони Тоҷикистонро дар мавриде, ки бихоҳад таҳвил бидиҳад ва Тоҷикистон омода бошад, ки шаҳрвандони худро бипазирад. То имрӯз дар байни Русияву Тоҷикистон чунин қарордод набуд, бинобар ин тоҷиконро дар сурати надоштани сабт, ба ҳисобе депортатсия мекарданд. Ин амал якҷониба буд. Акнун ин амали якҷонибаро метавонанд ба чаҳорчӯбаи қонун дароранд ва Тоҷикистон омода бошад, ки дар мавриде, ки Русия тақозо кунад, шаҳрвандони худро бипазирад ва ба Русия дар хуруҷи онҳо аз ин кишвар кӯмак расонад.

Суол: Шумо фикр мекунед, ки ҳамин гуна қарордод дар шакли дигаре миёни Тоҷикистону Русия вуҷуд дошт, масалан агар ин ҷо депортатсияро дар назар бигирем?

Ҷавоб: На, чунин қарордод вуҷуд надошт. Агар аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бигирем, чандон пояи ҳуқуқӣ надошт, барои он, ки миёни Русия ва Тоҷикистон рафту омади бидуни визо вуҷуд дорад. Шаҳрвандоне, ки ба Русия меоянд, мо наметавонем бигӯем, ки онҳо ғайриқонунӣ омадаанд. Ҳузури онҳо дар ин ҷо қонунист. Вале чизҳое буданд, ки берун аз худи қарордод дар ҳудуди шаҳрҳо қабул карданд, ки муҳоҷирон дар муддати чанд вақт бояд сабти ном кунанд ва агар сабти ном накунанд, ғайриқонунӣ ҳисоб мешаванд. Дар чунин ҳолат, албатта тақрибан 80-90 дарсади тамоми муҳоҷирон наметавонистанд ин амрро иҷро ва худро сабти ном кунанд. Ба ин хотир онҳо чун шаҳрванди хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар дохили кишвар зиндагӣ мекунанд, ҳар вақте ки Русия хост, онҳоро метавонист аз ин ҷо хориҷ кунад.

Суол: Агар миёни Русияву Тоҷикистон реадмиссия ба имзо расад, вазъи муҳоҷирони кории мо беҳтар хоҳад шуд ва ин қарордод ба нафъи онҳо хоҳад буд ё чӣ тавр?

Ҷавоб: Фикр намекунам, ки беҳтар хоҳад шуд. Чун реадмиссия маънои онро дорад, ки Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар мавриди зарурӣ метавонад бозпас ба Тоҷикистон бифиристад. Яъне ин амр як шакли қонуниро мегирад. Масалан, Русия метавонад барномарезӣ кунад, ки дар як сол ҳудудан чӣ теъдоди тоҷиконро аз Русия хориҷ кунад.

Суол: Дар чӣ ҳолатҳое онҳоро метавонад хориҷ кунад?

Ҷавоб: Агар онҳо иҷозаи иқомат дошта бошанд ва иҷозаи кор дошта бошанд, қонунан онҳоро наметавонад реадмиссия кунад. Вале дар сурати зарурӣ вақте, ки ин қарордод ба имзо мерасад, метавонад, ки иҷозаи кории муҳоҷиронро лағв кунад ва онҳоро бозгардонад ва бигӯяд, ки дигар ба онҳо ниёз надорад.

Суол: Оқои Лашкарбек, ин қарордод дар ҷаҳон чизи навест ё дар кишварҳои дигари ҷаҳон ин кор таҷруба шудааст ва вуҷуд дорад?

Ҷавоб: Ин санадест, ки миёни бисёре аз кишварҳо ба имзо расидааст ва аксари кишварҳо, вақте, ки кишвари аввал тақозо кунад, барои бозгардони шаҳрвандони кишвари дуввум, кӯмак мекунад. Дар миқёси ҷаҳонӣ ҳоло мушкилӣ танҳо бо Чин аст ва ҳамин гуна чанд кишвари дигар ҳам ҳастанд. Чун аҳолии чунин кишварҳо хеле зиёд аст, онҳо ҳамкорӣ намекунанд. Чунин қарордодҳоро ҳам имзо намекунанд. Русия бо чанд кишвар чунин қарордод дорад. Аз ҷумла, бо Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2006 дар ин бора қарордод имзо кардааст ва тибқи он, дар мавориди зарурӣ аз Аврупо шаҳрвандони Русияро хориҷ мекунанд. Ин ба нафъи худи Русия ҳам ҳаст, чунки дар Русия дасти корӣ намерасад. Барои ҳамин Русия барои имзои чунин қарордод омода аст. Дар сурати дигар, дар сурати мавҷуд будани қувваи кории дохилӣ, Русия метавонад аз хориҷ муҳоҷиринро камтар бигирад.

Суол: Муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, тибқи гуфтаи коршиносон зиёданд. Русия барои бозгардони онҳо баъд аз имзои ин қарордод дасти боз хоҳад дошт?

Ҷавоб: Дасташон бозтар мешавад ва пояи ҳуқуқиаш ҳам мукаммалтар мешавад. Барои муҳоҷирони кории тоҷик ин қонун албатта мушкилоти бештаре пеш меорад ва онҳо он гуна, ки то ҳол озодона кор мекарданд, то ҳадде маҳдудтар мешаванд ва наметавонанд дигар озодтар ба ин шакл кор кунанд.