Амрико ҳабси Насрин Сутударо маҳкум кард

Амрико ба зиндон афкандани яке аз мудофеони фаъоли ҳуқуқи башари Эронро маҳкум кард. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Насрин Сутуда, ки акнун ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст, билофосила аз зиндон раҳо шавад. Сутуда ҳамчунин тибқи ҳукми додгоҳ наметавонад 20 сол чун вакили мудофеъ кор кунад ё бар зидди манофеи миллӣ барояд. Сутуда узви маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар аст, ки раҳбарии онро Ширин Ибодӣ-барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел бар ӯҳда дорад. Сутударо бар он муттаҳам мекунанд, ки вай баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 ба матбуоти хориҷӣ мусоҳиба додааст.