Дар суқути як ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, ки бештар аз 100 нафар сарнишин доштааст, дастикам 70 нафар кушта шудаанд. Бино ба иттилои хабаргузориҳои Эрон, 32 нафар аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдаанд ва бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ин ҳавопаймо аз Теҳрон ба ҳаво хеста, қабл аз фуруд дар Оромия дар Озарбойҷони Эрон дар наздикии ин шаҳр дар ҳавои бад ба сонеҳа дучор шудааст. Қаблан дар бораи шумораи мусофирони ҳавопаймо маълумоти зиддунақиз медоданд.