Пулиси қазоқ муҳоҷирони узбакро аз сармо наҷот дод

Бино ба хабари "Интерфакс-Қазоқистон", дар вилояти Қарағанда пулиси роҳ 65 нафар шаҳрвандони Узбакистонро аз сармо наҷот додааст. Автобуси онҳо шаби 8-ӯми январ дар роҳ хароб шудааст ва онҳо дар роҳи миёни Павлодар-Қарағанда дар сармо мондаанд. Ин 65 нафар аз Новосибирск ба Узбакистон бармегаштаанд. Онҳоро пулис ба меҳмонсарое интиқол додааст ва онҳо шабро дар он ҷо рӯз кардаанд. Баъд аз таъмири автобус муҳоҷирони кории Узбакистон роҳи худро идома додаанд.