Амрико қасд доштааст, кӯмакҳояш ба Покистонро афзоиш диҳад

Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Амрико қасд дорад, ба хотири истиқрори сулҳу субот дар минтақа ба Покистон кӯмакҳои нави низомӣ, иттилоъотӣ ва молӣ пешниҳод кунад. Рӯзномаи “Вашингтон Пост” аз қавли манобеъаш дар ҳукумати Амрико навиштааст, Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳур ин масъаларо зимни боздид аз Покистон дар ҳафтаи оянда баррасӣ хоҳад кард. Бар асоси ин гузориш, Ҷо Байден, аз Ашраф Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон ва дигар мақомоти расмӣ хоҳад хост, то шарҳ диҳанд, чӣ кӯмакҳои мушаххасе лозим аст, то дар мубориза бо Толибон ва маҳви паноҳгоҳҳои ситезаҷӯён дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон, пешрафтҳои нав ҳосил шавад. “Вашингтон Пост” навиштааст, Барак Обама ва дастёрони аршадаш пешниҳоди баъзе аз маъмурони амниятӣ барои анҷоми амалиётҳои заминӣ дар Покистон ҷиҳати маҳви паноҳгоҳҳои тундравон рад кардаанд.