Муқтадо Садр, рӯҳонии мӯътабари шиъамазҳаби ироқӣ ба думболи бозгашташ аз Эрон аз пайравонаш хост, бо ҳукумати нави Ироқ ҳамкорӣ кунанд. Ӯ зимни суханронӣ дар шаҳри Наҷаф гуфт, агар ҳукумат ба мардум кӯмак намекунад, роҳҳои ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад, аммо танҳо роҳҳои сиёсӣ. Ӯ аз тарафдоронаш хост, алайҳи Амрико ва ба гуфтаи ӯ “тамоми ишғолгарони Ироқ” муқобила кунанд, аммо на бо силоҳ, тавре ки артиши Меҳдии ӯ дар гузашта кардааст. Муқтадо Садр, чаҳор соли пеш, Ироқро, ки дар панҷаи хушунатҳои мазҳабӣ буд тарк кард ва ба Эрон рафт.