Дар Русия нашрияи наве ба забони тоҷикӣ сабти ном шуд. Ин нашрияро бо номи "Ҳамватан" Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ба чоп мерасонад, бо вуҷуди ин ки соли гузашта вазорати адлияи ин кишвар сабти номи ин иттиҳодияро тамдид накард. "Ҳамватан" чун нашрияи иҷтимоиву иттилоотӣ ва фарҳангиву омӯзишӣ мунташир мешавад. Нашрия аслан ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасад ва ҳаёти тоҷикони муқими Русия ва муҳоҷирони кории тоҷикро мунъакис мекунад. .