Додгоҳи шаҳри Минск дар бораи дар маҳбас боқӣ мондани собиқ номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Белорус Владимир Некляев ҳукм содир кард. Ба ин васила додгоҳ талоши вакилони дифоъ барои тавассути пардохти гаравпулӣ раҳо кардани сиёсатмадорро рад намуд.
Владимир Некляев, ки ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар рӯзи интихоботи президентии 19 декабр боздошт шуда буд, дар ташкили бенизомиҳои оммавӣ муттаҳам мешавад. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз рӯи ҳамин парванда 25 нафар, аз ҷумла, панҷ номзад ба мақоми раисиҷумҳур ва ду шаҳрванди Русия мавриди бозрасӣ қарор доранд.
Рӯзи 19 декабр дар Минск беш аз 600 нафар аз мухолифини ҳукумат боздошт шуда буданд. Бахши аъзами онҳо аллакай озод карда шудаанд.