Идомаи бенизомиҳо дар Алҷазоир

Дар Алҷазоир бенизомиҳо дар вокуниш ба болоравии қимати маводи озуқа ва афзоиши бекорӣ миёни ҷавонон идома доранд. Рӯзи панҷшанбе издиҳоми норозӣ чанд дӯкону мағоза дар шаҳри Алҷазоир - пойтахти кишварро оташ зад. Аз ин пеш ҳамин гуна бенизомиҳо дар Оран, дигар шаҳри бузурги Алҷазоир ҳам рӯх дода буданд. Полис ба хотири пароканда кардани издиҳоми мардум аз гази ашковар истифода бурд.
Моҳи гузашта дар Туниси ҳамсоя бар асари пароканда кардани намоиши эътирози мардум алайҳи болоравии қимати маводи озуқа ва сатҳи баланди бекорӣ се нафар ба ҳалокат расида буданд.