Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Белорус миқдори бузурги носро кашфу забт кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо зоҳиран аз Тоҷикистон ба онҷо ворид шудааст. Раёсати умури дохилаи шаҳри Гомел бо нашри баёнияе дар торнамои худ навиштааст, 400 кило носро аз анбори як соҳибкори зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Ҷумҳурии Белорус пайдо кардаанд. Ба гуфтаи раёсат, носро дар бастаҳои хушкмева ва ғайриқонунӣ аз тариқи қаламрави Русия ба Ҷумҳурии Белорус ворид кардаанд. Арзиши хокаи сабзи сархушкунандаи тоҷикӣ 150 миллион рубли белорусӣ баробар бо 50 ҳазор доллари амрикоӣ буда ва барои фурӯш дар бозорҳои дохилии jн ҷумҳури пешбинӣ мешуд.