Волии Панҷобро муҳофизи худи ӯ куштааст

Волии Панҷоб, бузургтарин вилояти Покистон имрӯз дар як ҳамла дар Исломобод, пойтахти ин кишвар кушта шуд. Пулис мегӯяд, яке аз муҳофизони Салмон Таъсир дар назди манзилаш дар Исломобод алайҳи ӯ тир кушодааст. 5 тани дигар ҷароҳат бардошта, худи ҳамлагарро боздошт кардаанд. Салмон Таъсир узви аршади ҳизби ҳокими мардумии Покистон ва аз ёрони наздики раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ буд ва мунтақидони ошкори ҷангиёни исломӣ дар Панҷоб маҳсуб мешуд. Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, Салмон Таъсир ба маҳзи мухолифаташ ба қонуни зиддунақизи тавҳин ба дин кушта шудааст.