ИМА мақомоти Белорусро барои бастани дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Минск шадидан интиқод кард. Аз ин пеш Литва, ки аз якуми январ раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад, аз сарпечии мақомоти Белорус барои тамдиди мандати намояндагии созмон дар Минск изҳори нигаронӣ карда буд.
Чанд рӯз қабл Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, борони қаҳру ғазабро ба рӯи гузориши интиқодии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар робита ба интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус рехта буд.
Чанд рӯз қабл Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, борони қаҳру ғазабро ба рӯи гузориши интиқодии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар робита ба интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус рехта буд.