Иёлоти Муттаҳида Русияро барои боздошти даҳҳо мухолифини сиёсӣ танқид кард. Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Филипп Кроулӣ ба зарурати арҷгузории Русия ба арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла, озодии баён ва ҳамоиш таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, "таъмини озодии баён ба манфиати худи Русия аст ва мо мушоҳида кардем, ки раҳбарони Русия аз ин пуштибонӣ мекунанд. Ва аммо акнун бояд арҷгузорӣ ба ин принсипҳоро дар амал собит кард. Ин боздоштҳо, аз нигоҳи мо, на фақат мухолифи ӯҳдадориҳои Русия, балки мухолифи манфиатҳои дарозмуддати ин кишваранд".
Чанд тан аз фаъолони мухолифини Русия - Эдуард Лимонов, Константин Косякин, Иля Яшин ва Борис Немтсов рӯзи 31 декабр дар майдони Триумфалнаяи Маскав дар намоише бахшида ба озодии баргузор кардани ҳамоишҳо боздошт шуда буданд. Яке аз онҳо - Борис Немтсов бо иттиҳоми сарпечӣ аз итоат ба кормандони милитсия барои 15 шабонарӯз маҳкум ба зиндон шуд. Додгоҳ Эдуард Лимонов, Константин Косякин ва Иля Яшинро низ ба мӯҳлатҳои аз 5 то 15 рӯзӣ равонаи зиндон кард.
Рӯзи душанбе дар Маскав чанд пикети пуштибонӣ аз раҳбарони мухолифин баргузор шуд. Кормандони милиса беш аз 20 нафарро боздошт ва баъд аз таҳияи асноди зарурӣ озод карданд. 14 нафари онҳо ба додгоҳ даъват шудаанд.