Дар Австралия ҳавопаймоҳои низомиро барои кӯмак ба осебдидагони обхезии бесобиқа дар шимолушарқи кишвар сафарбар кардаанд. Рокҳемптон, шаҳри бандарӣ ва хонаи 75 ҳазор нафар, ба тадриҷ зери об мешавад. Шоҳроҳи аслӣ ба шаҳр ва фурудгоҳи он баста шудааст. Обхезӣ дар аёлати Куинсленди Австралия, ҳудуди 200 ҳазор нафари дигарро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кард. Як нафар дар офати табиӣ кушта шудааст ва хисороти он тақрибан як миллиард долларо ташкил медиҳад.