Немтсов бо ҳукми додгоҳ мувофиқ нест

Яке аз раҳбарони ҷунбиши мухолифи ҳукумати Русия “Солидарност” Борис Немтсов изҳор намуд, ки бознигарии ҳукми додгоҳ дар бораи ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуданашро талаб хоҳад кард. Дирӯз додгоҳи Маскав Немтсовро дар сарпечӣ аз итоат ба кормандони милитсия айбдор намуд.
Борис Немтсов, собиқ муовини сарвазири Русия, рӯзи ҷумъа баъд аз суханронӣ дар як ҳамоиш дар майдони Триумфалная дар Маскав боздошт шуд. Ӯ дар суханронияш истеъфои ҳукумати Русияро талаб кард.