Сокина Муҳаммади Оштиёнӣ, зани эронӣ, ки ба муҷозоти эъдом маҳкум шудааст, имрӯз дар шаҳри Табрез ба назди рӯзноманигорон баромад ва гуфт, "бисёриҳо" аз парвандаи ӯ сӯйистифода мекунанд.
Вай дар ин нишасти хабарӣ гуфт: "Маро ба ҳолам гузоред. Чаро шумо маро шарманда мекунед?" Оштиёнӣ 43 сол дорад ва барои зино ба сангсор ва барои ширкат дар қатли шавҳари худ қатл маҳкум шудааст. Ҳукми қатли Сокина Оштиёнӣ дар кишварҳои ғарбӣ вокунишҳои манфӣ ба бор овард. Имрӯз ҳамчунин ба хонум Оштиёнӣ иҷоза доданд, ки бо писару духтараш наҳор хӯрад.
Дар робита ба сарнавишти Сокина Оштиёнӣ Радиои Озодӣ бо Ниюшо Буғротӣ, коршиноси умури Эрон дар бахши форсии радиои Озодӣ, сӯҳбате анҷом дод. Суол нахуст ба ҷаноби Буғротӣ ин буд, ки оё мақомоти Эрон мехоҳанд бо ташкили конфрони матбуотӣ бо ширкати хонум Оштиёнӣ ҳукми ӯро сабуктар кунанд, ё дар паси саҳна корҳои дигаре дар робита бо ҳукми вай анҷом мегирад:
Ҷавоб: Дуто эҳтимол ин ҷо матраҳ аст. Яке ин, ки эҳтимол дорад, ҳукми сангсорро ҳазф кунанд ва онро ҳоло мешавад таъбир кард ба хотири фишорҳои байналмиллалӣ ё ройзаниҳои дохилии қувваи қазоӣ. Вале эҳтимоли дигар ҳам вуҷуд дорад, ки ба хотири бозтоби бисёр густардаи парвандаи сангсори хонуми Муҳаммадӣ дар расонаҳои ҷаҳон ва ҳамчунин даргир шудани давлати Олмон дар ин қазия баъд аз боздошти ду хабарнигори олмонӣ дар Эрон ба хотири мусоҳибаи бидуни иҷоза бо хонуми Муҳаммадӣ, эҳтимол дорад, ки ин конфронси хабарӣ ва ин дидорҳоро баргузор карда бошанд, то бихоҳанд аз фишори афкори умумӣ дар ҷаҳон кам бикунанд.
Суол: -Чаро Саҷҷоди Қодирзода, писари хонуми Оштиёниро ба ин қазия ворид карданд? Воқеан мехоҳанд дар ин ҳукм ба вай як нақши миёнҷигарӣ бидиҳанд, ё тавассути вай баъзе корҳоро анҷом бидиҳанд?
Ҷавоб: -Оқои Қодирзода, писари Оштиёнӣ, дар тӯли ин муддат касе будааст, ки хабарҳои марбут ба модарашро ба берун додааст, аз ҷумла ба компейни зидди сангсору зидди эъдом дар Аврупо, ки аз тарафи шуморе аз эрониён фаъолият мекунад. Вай дар воқеъ шахси робити парвандаи модараш будааст бо фаъолони ҳуқуқи башар ва бо рӯзноманигорон. Ба ҳмин далел ҳам оқои Қодирзода пеш аз ин тавассути нируҳои амниятӣ дар ҷумҳурии исломӣ боздошт шуданд. Ва ҳоло шояд маъурини амниятӣ ва дастгоҳи иттилоотӣ фикр мекунанд, ки ҳамон оқои Қодирзодаро ки то ба ҳол пули иртиботӣ будааст, мехоҳанд ба майдон биёранд ва аз қавли вай хабарҳоро пахш кунанд.
Суол: -Ба ҳар ҳол назари гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар ҷаҳон чӣ аст ва дар дохил роҷеъ ба хабарҳое, ки бо парвандаи хонум Оштиёнӣ пахш мешавад, чӣ вокуниш нишон медиҳанд?
Ҷавоб: -Вокунишҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башар комилан қобили пешбинӣ буд, чунки ҳукми сангсор ба шиканҷа дохил мешавад ва ба муқаррароти ҷаҳонии ҳуқуқи башар мутобиқат намекунад. Онҳо талош карданд компейнҳои ҷаҳонии ҳимоят аз ҳуқуқи башар созмон диҳанд. Хабарҳо ҳам дар ин замина инъикоси бисёр густарда пайдо кард. Тамоми ниҳодҳои мухталифи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътирози худро ба гӯши мақомоти дохилии Эрон расонданд. Аммо як нуктае, ки бояд дар назар гирифт, ин аст, ки парввандаи хонуми Оштиёнӣ ду ҷанба дорад. Вай муттаҳам ба зино бо марди дигар дар даврони шавҳардориаш ва дигарӣ барои ширкат дар қатли шавҳари худ аст. Барои зино дар Эрон ҳукми сангсор пешбинӣ мешавад. Ва дигарӣ бо кӯмаки марде, ки бо вай робита дошт, шавҳари худро ба қатл расонд, ки он ҳам ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Ин ду ҳукм аз якдигар ҷудост.
Суол: -Яъне, ягар ҳукми сангсор бардошта шавад, ҳукми эъдом боқӣ мемонад?
Ҷавоб: -Ҳам иҷрои ҳукми сангсор боқӣ мондааст ва иҷрои ҳукми эъдом. Мақомоти Эрон ҳеҷ вақт нагуфтанд, ки сангсорро аз ҳукми хонуми Оштиёнӣ бармедоранд. Эҳтимоли иҷрои ҳар ду ҳукм вуҷуд дорад, агарчӣ мақомоти қазоии ҷумҳурии исломӣ дар ин авохир каме бо инъитофи бештаре сӯҳбат мекунанд ва ҳамин имрӯз ҳам додситони Табрез ҳам дар сӯҳбатҳое, ки карданд, гуфтанд, ки эҳтимоли ин ки ҳукми сангсор ҳазф шавад, вуҷуд дорад. Албатта, намешавад инро бо қотеият гуфт.