Достиев: "Пешрафти кишвар аз худи мо вобаста аст, на аз дигарон"

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии Русия "Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия", бузургтарин ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро баст. Дастури манъи фаъолияти он бо дархости вазорати адлияи Русия сурат гирифта, ин вазорат Иттиҳоди тоҷикистониёро дар нақзи қонунҳо айбдор мекард.
"Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия" ба раҳбарии Абдулло Давлатов ҳамроҳ бо "Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия" ба раҳбарии Каромат Шарипов ду созмони қонунии сартосарии тоҷикон дар Русия ба шумор мерафт. Дар атрофи ин ду созмони умумирусиягӣ даҳҳо созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар шаҳрҳову вилоятҳои гуногуни Русия муттаҳид буданд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ, Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар бораи барҳам хӯрдани "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия" ва масоили дигари вобаста ба ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфт:

Достиев: Ман фикр мекунам, ки соли 2010 барои мо тоҷикон дар ҳар ҷо, ки ҳастем, аз бисёр ҷиҳат соли бобарору бобаракат буд. Дар соли 2010 ягона рӯйдоди номатлубе, ки рух дод, барои ман пеш аз ҳама чун сафир ё барои мардуми дар Русия будаи мо, аз ҷониби Додгоҳи Олии ин кишвар баста шудани "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия" буд. Барои чӣ? Барои он, ки ин созмон маҳсули заҳмати як нафар, ду нафар ё касе набуд. Дар сатҳи як кишвари азим созмон ёфтани "Иттиҳоди тоҷикистониён" заҳмат ва хидмати 10-15 солаи ҳамватанони мо буд ва ба ин ноил гаштанд. Ба фикрам, сабабаш дар он буд, ки ин кишвар ниҳодҳои бисёр муқтадир дорад. Аз ҳамин лиҳоз мумкин аст дар ҷое "Иттиҳоди тоҷикистониён" талаботи қонунии ин кишварро риоят накардааст. Баъд аз он, ки Додгоҳи Олии Русия ба ин иттиҳодия ду ҳафта мӯҳлат дод, ҳамон вақт мо огаҳӣ ёфтем, ки то кадом дараҷа кор мураккаб шудааст. Мӯҳлат ҳам дода будаанд то моҳи сентябри соли 2009 барои бартараф кардани баъзе нуқсонҳое, ки дар фаъолияташон будааст. Боз додгоҳ то 15-ӯми маи соли 2010 ин мӯҳлатро дароз карда будааст. Баъд аз ин боз санҷидаанд ё намедонам, додгоҳ парвандаро дида иттиҳодияро бастааст. Сабабҳояшро аниқ намедонам. Агарчӣ дар созмон додани ҳамин иттиҳод дасти сафорат буд ва дархости раҳбарони ташкилотҳои ҷамиятии ҳамаи минтақаҳои ин кишварро ба назар гирифта, дар баъзе корҳо, аз ҷумла дар баргузории анҷуман ёрӣ расонда будем, лекин касе бояд аз ҳад зиёд намоиш намедод, ки ташкилоти ҷамъиятии ин кишвар, зери итоати мақомоти расмиии дигар кишвар аст. Яке аз сабабҳояш мумкин ҳамин ҳам бошад. Кӣ медонад, мумкин ин ҳам сабаб шуда бошад.

Суол: Ҷаноби Достиев, мехостам суоли дигарро дар робита бо ҳамин масъала матраҳ кунам, ки баъд аз барҳам хӯрдани "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия" ба ҳар ҳол баъзе аз шахсиятҳои маъруф ва раҳбарони баъзе аз созмонҳои иҷтимоии тоҷикон дар шаҳрҳои гуногун гирдиҳам омаданд ва худашон изҳори омодагӣ карданд, ки дар зери чатри сафорат, Шӯрои Машваратӣ ташкил мекунанд. Ташкили ҳамин Шӯрои Машваратӣ ҳоло то ба куҷо расидааст? Он аз ҷамъияти тоҷиконе, ки ҳоло дар минтақаҳо ҳастанд, чӣ бартарӣ хоҳад дошт?

Достиев: Пазируфтани дархости раҳбарони ташкилотҳои тоҷикистониён дар Русия дар минтақаҳои гуногун асос ҳам дорад. Моҳи октябри соли гузашта дар вохӯрии президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанонамон дар Маскав гуфтанд, ки баъзе ташкилоту созмонҳои тоҷикистониён аз рӯи маҳал ва бо истифода аз хешу ақрабои худ барои хидмат ё муҳофизат кардани худатон сохтаед, на ин ки барои мардуми мо дар ҳамон минтақа. Ин дуруст ҳам ҳаст. Дар анҷумани "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия" бисёре аз шахсиятҳои маъруфи дар ин ҷо бударо ба ҳайати раёсати он интихоб карданд. Бисёре аз онҳо баъд аз чанд вақт аз он канораҷӯӣ ҳам карданд. Дар корҳои иттиҳод ширкат ҳам наварзиданд. Кадом соҳае набошад, дар он ҷо фарзандони миллати мо олимон, табибони беҳтарин, шахсиятҳои беҳтарини фарҳангӣ ҳастанд. Академикҳо дорем. Онҳо ба созмонҳои ҷамъиятии мо наздикӣ намекунанд. Бо назардошти ҳамин мо хостем, ки онҳо бо хиради худ, бо дониши худ ҳамватанонамонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия кунанд. Бо ин роҳ мешавад симои тоҷикро баланд бардошт. Бо ин мақсад онро ташкил карда будем. Лекин дар ин ҷо баъзе раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ҳастанд, онҳое, ки дар давоми се-чаҳор сол ё ҳатто даҳ сол танҳо аз ҷониби ҳамватанони мо дар он минтақаҳо ба ғайр аз сипосгузориву хайрхоҳӣ дигар чиз нашунидаанд. Барои ҳамин баъзе раҳбарони ташкилотҳои ҷимъиятии минтақаҳо ҳам узви Шӯрои Машваратӣ шудаанд.

Суол: Ҷаноби сафир, Русия дар оянда талош хоҳад кард, ки аз лиҳози иқтисодӣ бо таҷҳизоту технологияи пешрафта бо кишварҳои рушдёфтаи Аврупо баробар шавад. Фикр намекунед, ки муҳоҷирони кории тоҷик бо ин ихтисосе, ки доранд ё бо ин беихтисосии худ дар оянда талаботи бозори кори Русияро бароварда насозанд ва ҷои онҳо дар ин кишвар маҳдуд шавад? Мумкин аст рӯзе Русия бигӯяд, ки ба чунин муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ надорад ва аз кишвари ман бароед.

Достиев: Ман боварӣ дорам, ки ҳеҷ вақт Русия то ин дараҷа нахоҳад расид ва дар кишвари пешрафтатарини дунё ҳамаи соҳаҳо ба нерӯи корӣ зарурат доранд, чӣ дар Амрико, чӣ дар Аврупо. Дар ҳамаи ин ҷойҳо муҳоҷирати корӣ ҳаст бо ҳамон ихтисосҳое, ки ҳаммиллатони мо дар Русия кор мекунанд. Бисёре аз ҳамватанони мо дар Русия на танҳо кормандони оддӣ ё сохтмончии оддианд. Имрӯз дар Русия ба куҷое наравӣ, ҳарфи тоҷикиро мешунавӣ. Муҳоҷирони кориамон, ҳатто ҳамон сохтмончиён имрӯз беҳтарин устоҳои нотакрор дар ин кишвар шудаанд. Ба истиснои чанд бетонрез ё одамоне, ки нав меоянд ё омадаанд. Дар ҳама ҷо ба онҳо зарурат ҳаст. Аз бисёр лиҳоз Русия манфиатдор аст, ки мардум аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ биёянд. Мо сари он бояд андеша кунем, ки оё ин ба манфиати мо ҳаст ё не.

Суол: Абдумаҷид Салимович, гаҳ-гоҳе дар матбуот низ як масъала ба назар мерасад ва он ин аст, ки оё Русия метавонад ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламравашро чун омили фишор бар зидди Тоҷикистон дар марҳилаҳои барояш хушоянд истифода кунад? Масалан, агар бихоҳад барои гузаронидани тарҳҳои иқтисодӣ ё стротегӣ ба нафъи худ ин масъаларо ба бозӣ бикашад?

Достиев: То имрӯз нашудааст. Вале дар ҳама ҳолат ҳам муҳоҷири корӣ ва ҳам ҳамватанони мо дар ватанамон дар назар бигиранд, ки пеш рафтани кишвар ба худи мо вобаста аст, на ба дигарон. Вақте, ки ноомади кор шавад, аз ҳамаи чиз ҳар кас метавонад истифода барад.