Бо вуҷуди лағви таҳрими содироти гандуми Русия, Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи асосии орду гандум барои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тағоймурод Шарифов, раиси ширкати давлатии “Ғалла” ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Қазоқистон қариб 407 000 тонна гандум ва 340 000 тонна орд ворид шуда, ба ин тартиб, имсол ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон 20 дарсад ва орд – 4 дарсад афзудааст.
Нархи як тонна гандуми Қазоқистон то истгоҳи роҳи оҳани Душанбе 355 доллар ва як тонна орд – 380 доллар тамом мешавад. Тоҷикистон ҳамасола барои таъмини мардумаш ба беш аз 1 миллион тонна орд ниёз доштааст.