Парлумони Черногория Игор Лукичро сарвазир интихоб кард. Лукич, ки қаблан вазири молия буд, гуфт, таҳияи тамоми шароити шурӯъи музокирот барои пайвастан ба узвияти ИА то поёни соли 2011 дар авлавияти кори ӯ қарор мегирад.
Черногория феълан номзад ба узвияти ИА эътироф шудааст, вале ИА мегӯяд, ба хотири таъйини таърихи о шурӯъи музокироти узвият бояд ислоҳоти бештареро анҷом диҳад.
Лукич дар мақоми сарвазирии Черногория Мило Ҷукановичро иваз мекунад, ки тайи 20 сол ба ин кишвари нимқораи Балкан раҳбарӣ мекард ва акнун зимоми раёсати давлатро ба муттаҳиди наздикаш Игор Лукич супурд.