Сафири Беларусро дар Маскав ба ҳузур хондаанд

Русия сафири Беларусро ба ҳузур хонда, аз боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандонаш дар ҷараёни ошӯбҳое, ки дар пайи эълони пирӯзии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи рӯзи 19 декабр Беларусро фаро гирифт, изҳори таассуф кардааст.
Русия мукарраран аз Минск даъват кард, 11 шаҳрванди дар он эътирозҳо боздоштшудаашро раҳо кунад.
Додгоҳи Минск рӯзи душанбе қарор кард, ки ин гурӯҳро то замони анҷоми тафтиши парвандаҳо дар боздошт боқӣ гузорад.
Дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботии Беларус садҳо нафар дастгир шуданд. Ин мардум ба натоиҷи интихоботе, ки нозирони ғарбӣ ҳам муноқиз бо меъёрҳои як интихоботи демократиаш дарёфтанд, эътироз мекарданд.