Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка Михаил Мясниковичро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард. Кобинаи қаблӣ ба дунболи интихоботи ҷадиди раёсати ин ҷумҳурӣ, ки дар он Лукашенка ба давраи чоруми раёсат расид, ба истеъфо рафт. Лукашенка ҳамин тавр, 4 тан аз 5 ноиби сарвазири пешинро низ иваз кард. Мясникович то кунун раҳбарии Академияи улуми Беларусро бар дӯш дошта, ба маҳзи равобити наздикаш бо мақомот аз шахсиятҳои хеле бонуфуз дар ин кишвар дониста мешавад. Ӯ дар мақоми сарвазирӣ ҷойгузини Сергей Сикорский мешавад, ки аз соли 2003 ба ин сӯ, тайи 7 сол раҳбари кобинаи вазирони Беларус буд.