Бонки Осиёии Рушд дар стротегияи ҳамкориҳои худ барои солҳои 2010-2014 навиштааст, 60 дарсади занони Тоҷикистон дар бахшҳои кишоварзӣ ва бахшҳои ғайрирасмӣ кор мекунанд ва василаи мӯътамади рӯзгордорӣ надоранд.
Ба навиштаи ин бонк, ҳоло 19 дарсади занон бо кор фаро гирифта шудаанд, дар сурате, ки қабл аз истиқлол 80 дарсади онҳо дар Тоҷикистон бо кор таъмин будаанд. Дар стратегияи ҳамкориҳои Бонки Осиёии Рушд омадааст, занон бештар бо корҳои рӯзгор машғуланд ва ба сабаби надоштани дастрасии баробар ба замин ва қарзаҳои бонкӣ эҳтимоли гирифтории онҳо ба фақр бештар аст.
Дар ин мавзӯъ Радиои Озодӣ бо Ҷоҷӣ Токешӣ, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе, сӯҳбате дошт.
Ӯ мегӯяд: "Стратегияи Бонки Осиёии Рушд, ки "Соли 2020" ном дорад ва то ин солро дар бар мегирад, дар баробари панҷ масъалаи рушд ба масъалаҳои гендерӣ бартарӣ қоил шудааст. Дар саросари ҷаҳон занон тақрибан нисфи маводди ғизоиро тавлид мекунанд, ин нишондод дар кишварҳои рушдёбандаи ҷаҳон аз 50 то 80 дарсадро ташкил медиҳад. Беш аз пеш занон ба тавлидоти кишоварзӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Таҳқиқот ҳамчунин нишон медиҳад, ки занони машғули кор дар бахшҳои беҳдошт ва омӯзишу парвариш бештар сармоягузорӣ мекунанд. Ҳоло ҳадафи мо ҳам ҳамин аст"
Суол: -Ҷаноби Такешӣ, дар стротегияи Бонки шумо омадааст, ки дар гузашта занони Тоҷикистон бештар бо кор таъмин будаанд. Вале шмораи занони коргар дар давоми ду даҳсолаи ахир коҳиш ёфтааст. Ба назари шумо сабаби он чист?
Ҷавоб: -Ин яке аз масъалаҳоест, ки мо бояд дар оянда ба он расидагӣ кунем. Вале бояд ёдовар шуд, ки занон ҳарчӣ бештар дар бахшҳои хусусӣ ё иҷтимоӣ бо корҳои дигар машғул мешаванд. Ба ҳамин хотир ман фикр мекунам, ки дар ин замина бояд тавозун низ таъмин шавад. Ширкати занон дар бахшҳои иҷтимоӣ коҳиш намеёбад, балки афзоиши ширкати онҳо дар бахшҳои дигар мушоҳида мешавад. Ман фикр мекунам, ки ширкати занон дар бахшҳои хусусӣ низ бештар шудааст. Ширати занон дар корҳои маориф низ афзоиш ёфтааст, ки он ҳам масъалаи муҳим аст"
Суол: -Ҷаноби Токешӣ, бисёре аз хонаводҳои тоҷик бузурганд ё калонанд. Мардони ин хонаводаҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва корҳои рузгордории чунин хонаводаҳоро маъмулан занон бар душ гирифтаанд. Вақте, ки шумораи занони бекор шумурда мешавад, чунин занон ба бахши бекор ворид хоҳанд шуд ё шумо фикри дигар доред?
Ҷавоб: -Бале, ин масъала ба он иртибот дорад, ки шумо шумораи бекорон ва тақрибан бекоронро бо чӣ меъёре ба ҳисоб мегиред. Шумо дар бораи муҳоҷират дуруст ёдоварӣ кардед ва корҳои хонаро занон анҷом медиҳанд. Онҳо ғамхорӣ ба аъзои хонаводаро бар дӯш доранд. Агар мо ба бахши кишоварзӣ назар афканем, мебинем, ки занон дар ин бахш кор дар деҳот мекунанд. Ба ҳамин хотир шояд дар гузоришҳо ҳамаи инро пурра дохил накардаанд. Вале мутмаинан ширкати занон дар бахши кишоварзӣ дарсадии баландро ташкил медиҳад".
Нуктаи дигарро набояд фаромӯш кард, ки занони тоҷик ба истилоҳ аз субҳ то шом машғули коранд. Онҳо аз тарбияи фарзанд гирифта то пӯхту пазу шустушӯ ва парвариши чорвои хонагӣ ва корҳои дигарро бар ӯҳда доранд.
Дар кишварҳои пешрафта хонаводаҳо мисли хонаводаҳои тоҷикон чандон ба истилоҳ серфарзанд нестанд. Вақте, ки модарон кор мекунанд, фарзандон дар боғча нигаҳбонӣ мешаванд. Ҳама чизро аз мағоза мехаранд. Барои он сармояи хонавода низ кифоят мекунад. Вале дар Тоҷикистон, ба вижа дар деҳот, чунин нест. Масалан, оддитарин кор... Ҷамъоварии ҳезум барои пухтани хӯрок ё гарм кардани хона. Магар ин кор нест. касе бояд бо он машғул шавад. Оё дар вақти ҳисоби сафи занони бекор ин ба меъёр дохил мешавад?
Шояд ба ҳамин далел, ҷаноби Токешӣ мегӯяд, ки дар хонаводаҳои тоҷик чунин меъёри кор ё бекорӣ бояд таҳқиқ шавад.