Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти нӯҳ созмони динии ғайриисломиро, ки дар соли ҷорӣ дубора сабти ном нашудаанд, ғайриқонунӣ медонад. Дар миёни созмонҳои динии ғайриисломӣ, ки сабти ном нашудаанд, калисои масеҳӣ ва канисаи яҳудӣ ном бурда мешаванд. Ба таъкиди масъулон, яке аз муқаррароти қонун барои созмонҳои динӣ ин аст, ки онҳо бояд аз қайди давлатӣ дар ниҳодҳои ваколатдор гузаранд, дар акси ҳол ҳаққи фаъолиятро нахоҳанд дошт. Муроҷиат накардани ин созмонҳо ба далели коҳиши пайравонашон яке аз далелҳои дубора сабти ном нашудани онҳо унвон мешавад. Ба иттилои масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, шумораи созмонҳои динии ғайриисломӣ дар қаламрави ин кишвар 73 ададро ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо ҷамоаи нави масеҳӣ аст. Аммо тибқи гузориши ин кумита, дар аввали сол дар Тоҷикистон 83 созмони динии ғайриисломӣ, умдатан масеҳӣ фаъолият доштанд. Аксари кулли ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд.