Дар роҳи оҳан 16 ширкати алоҳида хоҳанд сохт

Хабаргузории “Азия Плюс” навишт, ки ислоҳоти сохтории ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон то соли 2017 такмил шуда, дар натиҷаи ислоҳот алакай то 5 соли дигар ин ширкати воҳид ба 16 ширкати алоҳида таҷзия хоҳад шуд. Тибқи ин барнома, дар заминаи ширкати роҳи оҳан алакай ду ширкат таъсис ёфтааст. Феълан тарҳи ислоҳоти сохтории “Барқи Тоҷик”, яке дигар аз ширкатҳои инҳисории Тоҷикистон низ дар дасти баррасии ҳукумати ин кишвар қарор доштааст.