Таъсиси трибунали интихоботӣ дар Афғонистон

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба қарори ташкили додгоҳи вижаи муҳокимаи парвандаҳоимарбут ба тахаллуфот дар интихоботи парлумонии моҳи сентябр имзо кард. Намояндаи Додгоҳи олии Афғонистон Абдулвакил Умарӣ ба хабаргузории Пажвок гуфт, ин трибунали иборат аз 5 ҳуқуқдон дар ҳамин ҳафта ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Расми адои савганди вакилони парлумони ҷадид ба рӯзи 20 январ муқаррар шудааст, вале ин дар ҳолест, ки як теъдод аз номзадҳои бохта ҳамчунон ба натоиҷи интихобот эътироз доранд.