Дар нахустин музоядаи фурӯши чорвои ба истилоҳ, «хушзот» дар Хатлон, садҳо сар бақару гӯсфанд ба фурӯш гузошта шуда, қимати аввалияи онҳо ду ҳазор сомонӣ, наздики 400 доллари амрикоӣ, таъин гардида буд.
Дар ин ауксиони бесобиқа, чорвои калони шохдор, яъне говҳои зоти шведӣ, қазоқии сарсафед, қалмиқӣ, кабардинӣ ва гӯсфандони навъи ҳисорӣ-тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Рекорди музоядаи мазкур фурӯши бақари навъи шведӣ буд, ки беш аз як тоннаю 100 кило вазн дошта, бар ивази 20 ҳазор сомонӣ, муодили 4,5 ҳазор доллар, харида шуд.
Давлатхӯҷа Сафаров, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Вахш, ки соҳиби ин бақари гароннарх гардид, мегӯяд, ҳадаф аз харидории ин бақар афзоиш додани чорвои навъи шведӣ мебошад:
«Дар 20 ҳазор сомонии нақд харидем. Мақсадамон ин аст, ки дар як хоҷагии чорвопарварӣ саршумори ҳамин навъро афзоиш диҳем. Хай маоши расмии мо ба хариди ин буқа нарасад ҳам, бо пули хоҷагӣ онро ба даст овардем. Оянда ин пули сарфкардаамонро аз ҳисоби даромадҳо барқарор хоҳем кард…»
Дар музоядаи мазкур асосан анвоъи нодири чорвои хонагӣ ба фурӯш гузошта шуд. Тағай Абдуллоев, муовини раиси идораи кишоварзии Хатлон, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба поин рафтани шумораи чорвои хушзот дар минтақа, тасмим гирифта шуд, як чунин музояда барпо шавад, то хоҷагиҳои чорвопарварӣ ҳама навоҳии Хатлон аз имкони харидорӣ ва афзоиш додани навъҳои камёфти гову гӯсфанд бархӯрдор гарданд:
«Мо барномаҳои ҳукуматӣ дорем дар робита ба афзоиш додани саршумори чорво. Ин музояда ҳам ба хотири таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо чорвои хушзот мебошад. Ҳоло харидорон ҳарчанд камҳавсалагӣ нишон медиҳанд, аммо онҳое, ки молшиносанд, чорвои даркориашонро харида истоданд…»
Ва аммо музоядаи мазкур бештар як намоишгоҳеро мемонд ва аксари соҳибони чорвои ба истилоҳ «хушзот», аз фурӯши намунаҳои хуби чорвояшон худдорӣ мекарданд.
Фахриддин Найзаев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки як гӯсфанди навъи ҳисорӣ дар бисоташ дорад, мегӯяд, моли ӯро иҷборан ба ин музояда овардаанд. Вай гуфт, гӯсфандаш беш аз 140 кило вазн дошта, яке аз намунаҳои беҳтарини навъи ҳисорӣ мебошад:
«Ин гӯсфандро ҳамту барои намоиш овардаам. Ҳоло ба он ем надодааму ҳамин қадар вазн дорад. Агар хӯрокашро хуб диҳӣ ва нағз нигоҳ кунӣ, ин гӯсфанд то 170 кило вазн хоҳад дошт.
- Масалан, нархи бозории ҳамин гӯсфанд чӣ қадар метавонад бошад?
- Намедонам. Ҳоло харидорони оддӣ онро ду ҳазор сомонӣ нарх карданд, надодам. Фурӯхтанӣ нестам, ҳамин як гӯсфанд дорем дар хона. 2200 сомонӣ ҳам карданд, надодам. Лекин қимати аслиаш аз ин ҳам боло бояд бошад…»
Дар ҳамин ҳол соҳибкор Азимулло Аҷиков, сокини шаҳри Сарбанд, мегӯяд, вай низ ба парвариши анвоъи нодири чорвои калони шохдор, яъне гови шведию амрикоӣ сарукор дошта, феълан ҳудуди сад адад аз чунин навъи чорво доштааст. Азимулло, ки ба музояда як бақари беш аз 700-килоиро оварда буд, мегӯяд, қимати ин навъи чорво дар бозор наздик ба ду ҳазор доллари амрикоист, аммо ӯ намехоҳад онро ба фурӯш гузорад. Ба иддаои Азимулло, парвариши говҳои нави шведӣ дар чанд соли ахир як тиҷорати судманд барои хонаводааш буда ва суди молӣ доштааст:
«Ин зоташ хеле зебо ва хуб аст. Шведию амрикоӣ мегӯянд. Номашро Сармат гузоштам. Ин говро, «падараш»-ро ҳам худамон парвариш кардаем, номашро Монте Кристо гузоштем. Вай дар ярмаркаи ҷумҳуриявии чорвои хушзот 2 сол пеш ҷойи якумро гирифта буд. Як тоннаву 250 кило вазн дошт. Ҳоло дар хона 3-4 ёрдамчӣ дорам, фақат ба парвариши говҳои ҳамин зот машғулем. Намефурӯшем, саршуморро зиёд мекунем. Қимати бозориашро намедонам, лекин аз 8-10 ҳазор сомонӣ набояд кам бошад…»
То ин замон дар Хатлон чунин музояда ё ауксиони вижаи фурӯши чорво барпо нашуда буд. Чунки дар бозор маъмулан харидорон бо соҳибони чорво вориди савдо шуда, талош мекунанд онро ба қимати арзон ба даст оранд.
Ашӯр Қарҷобов, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, бо шунидани хабари баргузории ауксиони чорвои камёфту хушзот, вориди ҳамин озор шудааст. Ҳадафи бобои Ашӯр харидории гӯсфанди ҳисорӣ ё навъи тоҷикии қӯчқор будааст:
«Ман парвариш мекунам, дар хона чанд адад ҳамин хел қӯчқору модинаашро парвариш мекунем. Ҳоло зоти хубашро гирифтаниам, ки парвариш кунам, насл бигирам. Баъд барои хӯрдан ҳам даркор аст. Бизнес карданиам, рӯзгори мо аз ҳамин ҳисоб пеш меравад. Ҳоло омодаам, ки агар моли дилхоҳ ёбам, бар ивази то 2-3 ҳазор сомонӣ харидорӣ кунам…»
Дар ниҳоят бобои Ашӯр гӯсфанди навъи тоҷикиро барои харидан интихоб кард. Вай ду адад аз ин навъи гӯсфандро бар ивази 1300 сомонӣ ба даст овард.
Мусулмон Камолов, корманди пажӯҳишгоҳи илмии чорводорӣ, мегӯяд:
«Гӯсфанди навъи тоҷикӣ, ки ҳамчунин бо номи гӯсфанди алиевӣ мешиносанд (асосгузори ин навъи гӯсфанд олими шинохтаи тоҷик Ғулом Алиев), асосан бо пашми худ, ки дар бозори ҷаҳонӣ қимати баланд дорад, маъруф аст: Қимати як кило пашми гӯсфанди навъи тоҷикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба беш аз 30 доллари амрикоӣ баробар мебошад…»
Бо ин ҳама, нахустин таҷрибаи баргузории музоядаи хоси чорвои ба истилоҳ "хушзот", тибқи арзёбии коршиносон, номуваффақ буд. Зеро тақрибан ҳама чорвои музояда бо қимати аввалияи таъиншуда ба фурӯш рафт. Ва бисёре аз чорвои пешниҳодшуда танҳо аз сӯйи кормандони мақомоти давлатӣ ё масъулони идораҳои кишоварзии ноҳияҳои Хатлон харидорӣ шуд ва хислати иҷбориро дошт.
Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, дар оянда қарор аст ин таҷриба идома пайдо карда, ҳамчунин музоядаи хоси аспҳои хушзот низ дар минтақа барпо гардад. То ин замон дар қаламрави вилояти Хатлон ба таври музояда танҳо амволи ғайриманқул ва дар як соли ахир ҳамчунин рақамҳои ёдмон ё ба истилоҳ «крутой»-и мошинҳо фурӯхта мешуданд.