Орзуи солинавии ду наққош

Алиназар Мавлоназаров

Ду наққоши маъруфи ҳирфаӣ Алиназар Мавлоназаров ва Хайрулло Давлатов, ки даҳҳо соли умри худро ба санъати рассомӣ бахшидаанд, дар пешорӯи Соли нави милодӣ як орзуи кӯчак доранд – барпо кардани намоишгоҳи асарҳои офаридаи худ.
Талоши онҳо барои баргузории як чунин намоишгоҳ дар соли 2010 бидуни натиҷаи дилхоҳ поён ёфта, онҳо изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар соли нави 2011 ин орзуи кӯчакашон ба воқеият бадал шавад.

Тасвири табиати Тоҷикистон – нисфи маҳбубияти рассом

Алиназар Мавлоназаров шояд аз камшумортарин рассомони ҳирфаии Қӯрғонтеппа аст, ки тамоми осораш ба тасвири табиати зебоманзари Тоҷикистон, кӯҳу пуштаҳо, обшорон, боғу роғ бахшида шудааст:

Санъат аз они халқ аст. Бисёри одамон аз Амрико, аз Фаронса ва дигар киишварҳои ғарбӣ меоянд ба Тоҷикистон. Барояшон шаҳрҷойҳои мо шақовар нест, онҳо ба манзараи деҳот ва кӯҳу саҳроҳои дар зебоӣ бемисли кишвари мо мафтун мешаванд. Шояд ними маҳбубияти асарҳои тасвирии моро ҳамин зебоии табиати Тоҷикистон таъмин кунад, на иҷрои ҳирфаии асар. Тасвири ҳамин табиати афсонавӣ асарҳои наққошии рассомони моро ҷолиб мекунад…”

Ҳунари Алиназар Малоназаров маҳз бо тасвири манзараҳои табиати Тоҷикистон аз сӯйи санъатшиносони ғарбу шарқ эътироф шуда, маҳбубият пайдо кардааст. Дар зарфи беш аз 40 соли фаъолияти наққошиаш, ҷаноби Мавлоназаров садҳо асар офарида, маҳсули эҷодаш дар намоишгоҳҳои азимтарини Чину Озарбойҷону Русия ба маъраз гузошта шудааст.

Нотавонии рассомон барои ташкили намоишгоҳ

Ва аммо ин наққош мегӯяд, дар чанд соли ахир муваффақ намешавад, то дар Тоҷикистон, ҳадди ақал дар шаҳри Қӯрғонтеппа, як намоишгоҳи хосаи наққошӣ баргузор карда, офаридаҳои навашро ба намоиш бигузорад. Бар асоси ҳисобу китоби тахминии рассом, барои ташкили як чунин намоишгоҳи хоси мусаввараҳо, агар дар он то 50 асари наққошӣ
ба маъраз гузошта шавад, дастикам аз 2 то 5 ҳазор доллари амрикоӣ зарур будааст.

Алиназар Мавлоназаров афзуд, як рассоми қаторӣ наметавонад ба худ иҷоза бидиҳад, то ин миқдор маблағро масраф кунад, чун асарҳои рассомӣ дар Тоҷикистон харидори ангуштшумор доранд ва ҳам ба истилоҳ, “гавҳаршиносон” маъмулан одамони нодору аз лиҳози молӣ дасткӯтаҳанд.

Сабаби асосии парешонӣ ва ё аз фаъолияти ҳирфаӣ даст кашидани наққошон, дар қадр нашудани ҳунари онҳо аз ҷониби давлат аст”, - мегӯяд ҷаноби Мавлоназаров:

Ин соҳа бояд аз тарафи мақомоти вазорати фарҳанг дастгирӣ шавад. Ақаллан як намоишгоҳи умумии асарҳои тасвирӣ барпо шавад, то наққошон намунаи офаридаҳояшонро ба намоиш гузоранд, одамон тамошо кунанд. Рассомон ҷамъ шаванд, табодули назар кунанд. Ҳоло ҳарчанд банда узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ҳастам, ёд надорам, ки кай бори охир ҳамоиши наққошон ташкил шудааст. Шояд аз сар гирифтани чунин тадбирҳо як роҳи хуби ислоҳи вазъ ва дастгирии рассомони касбӣ бошад. Ман ҳам дер боз мехоҳам як чунин намоишгоҳ барпо кунем ва ҳудудан аз 20 то 25 асари навамро ба намоиш гузорам...”


Танзҳои сиёсии “камхаридор”

Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Давлатов, ягона рассоми карикотурист дар вилояти Хатлон, низ мегӯяд, дер боз дар орзуи баргузории як намоишгоҳи карикатураҳои сиёсию иҷтимоияш мебошад. Вай афзуд, ташкили намоишгоҳи карикатураҳои сиёсӣ куҷо, ки баъзе асарҳои танзомези сиёсиашро ҳатто аз тариқи телевизион нишон надодаанд. Ҷаноби Давлатов бо таассуф мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар кишваре ба сар мебарад, ки демократию дунявӣ унвон мешавад, аммо худро ҳамчун расссом-карикатурист дар замони Шӯравӣ роҳаттар эҳсос мекард:

Хайрулло Давлатов
“Мавқеи ҳаҷв дар ҷамъити имрӯзаи мо он қадар мустаҳкам нест. Баъзе асарҳои моро мансабдорон бо “дард” қабул мекунанд. Таҳамули ҳаҷву танқидро надоранд охир. Ёдам ҳаст, дар замони Шӯравӣ, ки даврони карахтӣ ҳам мегуфтанд, карикатуристон ва худи ман ҳам то 70 асари танзомезамро, ки бисёрашон тасвири порахӯрону мансабдоронро мекарданд, дар намоишгоҳҳо мегузоштем ва хеле озодтар буд фаъолиятамон. Афсӯс, ки ҳоло ин чиз нест. Агар шароит шавад, роҳи васеъ кушода шавад барои ҳаҷв, гӯянд, ки чизе дар дил ва сарат дорӣ, эҷод кардан гир, хеле идеяҳое ҳастанд, ки онҳоро рӯйи варақ овардан мумкин, ҳатто асарҳои зиёди нашрношуда ҳам дорам, ки онҳоро барои гузоштан дар намоишгоҳҳо омода кардаам...”

Ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, азбаски карикатураҳояш мавзӯъҳои озодии сухан, мушкилаҳои рӯзгор ва иҷтимоъ, бедонишии мансабдорон ва мисли инро фаро мегиранд, имрӯз на барои ҳама аксҳои танзомезаш ҷойи чоп пайдо мешавад, бавижа дар расонаҳои давлатӣ.

Бо ин вуҷуд, Хайрулло Давлатов тасмим дорад, бо кӯмаки дӯстонаш як намоишгоҳи офаридаҳои худро дар шаҳри Қӯрғонтеппа созмон бидиҳад.

Шояд дар пешорӯи Соли нав, ки ҳамагон одат кардаанд, онро ҳамчун як иди мӯъҷизаофар ва амаликунандаи орзуҳо бишносанд, ин орзуи кӯчаки наққошони чирадаст Алиназар Мавлоназаров ва Хайрулло Давлатов ба воқеият бадал шавад. Ягона орзу ва мақсади ин ду наққош дар соли нави 2011-ум – баргузории намоишгоҳи офаридаҳояшон асту бас.