Сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев, хабари бархе аз расонаҳоро дар бораи кушта шудани 10 тоҷик дар рӯзҳои тазоҳуроти миллатгароён дар Маскав рад кард. Вай мегӯяд, марги ин шаҳрвандон ба низоъҳои қавмӣ дар Русия пайванд надорад. Ба гуфтаи сафир, аз 5 шаҳрванди Тоҷикистон пеш аз беназмиҳои рӯзи 11-уми декабри Маскав дар бемористонҳои Маскав, Санкт Петербург, Екатеринбург ва Новосибирск фавтидаанд. 3 нафари дигар дар ҳодисаҳои нохуш ва бар асари муроот накардани амнияти фаннӣ даргузашта, як нафарро поезд пахш кардааст ва ҳам зане худкушӣ кардааст. Дипломати тоҷик афзуд, сафорат аз ҳамаи муҳоҷирон хостааст, ба муноқишаҳои қавмӣ дар Русия шарик нашаванд ва худро эҳтиёт кунанд.