Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, назархоҳии умумӣ барои то соли 2020 дароз кардани мӯҳлати ҳокимияти раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар моҳи марти соли 2011 баргузор хоҳад шуд. Кумиссюни марказии интихоботии Қазоқистон мегӯяд, пешниҳоди раиси Шӯрои шаҳри Остона, Владимир Редкокашинро дар ин бора рӯзи 27-уми декабр баррасӣ мекунад. Назарбоев аз соли 1991, замони эълони истиқлолияти Қазоқистон раисиҷумҳури ин кишвар аст ва ду бор аз нав интихоб шуда, як дафъа мӯҳлати ҳокимияташро тамдид кардааст. Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ аз рӯи ҷадвал барои соли 2012 пайреӯзӣ шудааст.