Нишасти раҳбарони Афғонистону Покистон дар Туркия

Имрӯз дар Истанбул мулоқоти раҳбарони Афғонистону Покистон мадди назар гирифта шудааст. Ҳадаф аз ин нишаст беҳбуди равобит миёни ду кишвари ҳамося мебошад. Мулоқоти президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бо ҳамтои покистонии ӯ Осиф Алии Зардориро раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул мизбонӣ хоҳад кард. Тахмин мешавад, ки дар ин музокирот натиҷаи нуфтушуниди хадамоти иктишофии се кишвар арзёбӣ мешавад. Чанде пеш Афғонистон, Покистон ва Туркия мувофиқат карданд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддирро тавсеа бахшанд. Рӯзи панҷшанбе Карзай ва Зардорӣ дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок доштанд.