Фирдавс бо 8 зарби корди нажодпарастон зинда монд

Фирдавс Юсупов ҳоло таҳти назорати пизишкон қарор дорад

Рӯзи 11-уми декабр дар шаҳри Петербург гурӯҳи миллатгароёни руси мусаллаҳ бо кордҳо ба як ҷавони тоҷик бо номи Фирдавс Юсупов ҳамла карданд. Чолокии Фирдавс ӯро аз марг наҷот дод ва бо 8 зарби корд ӯ зинда монд.
Фирдавс мегӯяд, ҳангоми задани корд ӯ худро ба ҳар сӯ мепартофт ва зарбаҳои корд маргбор набуд. Ҳатто дар ин лаҳзаҳо ӯ тавонист тавассути телефони ҳамроҳ бародаронашро ба кумак даъват кунад.

Дар бораи ин ҳамла дӯстони Фирдавс ва се бародари дигараш аз Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва аксҳои Фирдавси захмхӯрдаро ба мо фиристоданд. Мо Фирдавсро телефонӣ пайдо кардем ва нахуст аз вай саломатиашро пурсон шудем:

Фирдавс: -Худоро шукр, саломатӣ аз пештара камтар нағз, лекин имрӯз бояд ҷойҳои дӯхтро кушоянд, риштаҳошро гиранд. Хайр, баъди корд задан саломатӣ чӣ хел мешавад? Саломатӣ он қадар хуб нест.

Суол: -Шумо ҳоло дар бемористон ҳастед ё аз бемористон баромадед?

Фирдавс: -Аз бемористон баромадам, дар хона ҳастам. Лекин ҳар рӯз беморхона меравем.

Суол: -Ҳоло гашту гузори шумо дар кӯчаҳо хатарнок нест, чун он одамоне, ки шуморо латту кӯб карданд, шояд онҳо боз ҳам қасос гирифтанӣ бошанд?

Фирдавс: -Ман дар хонаам. Лекин... айб аз онҳо аст. Пулис ҳуҷҷатҳои моро гирифт, ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои онҳо то ҳол дар шӯъбаи пулис аст. Ҳуҷҷатҳо дар дасти муфаттиш, то ман сиҳат шудан ва ба додгоҳ рафтан. Онҳо худашон ноҳақ ҳастанд. Намедонам чӣ хел карданд. Мумкин аст, ки айбро ба мо бор кунанд, барои он ки онҳо соҳиби ватан ҳастанд, агар мо хомӯш нишинем.

Суол: -Мешавад бигӯед, ки ҳодиса чӣ тарз рух дод ва шумо бо онҳо сар ба сар шудед?

Фирдавс: -Шанбеи 11-уми декабр. Соати аз 9 то 10. Аз хона баромадам ва ба кор мерафтам. Дар назди хонаи мо як боғ ҳаст "Таврический сад" ном дорад. Ман танҳо будам. Бародарҳоям калону хурд дар хона буданд.

Суол: -Чанд бародар ҳастед?

Фирдавс: -4 нафар. Ба раҳи худ кор рафта истода будам, аз он сӯ се бачаву як духтар омаданд, миллатчиҳо, миллатгароҳо. Роҳи маро гирифтанд ва маро бо китф заданд, яктарафа карданд.

Суол:
-Пеши роҳро гирифтанд ва гузаштан намонданд, ё чӣ тавр?

Фирдавс: -Бале, китфашон қатӣ заданд ва маро ғалтонданӣ буданд. Ман нағалтидам, якнима шудам. Яктоаш гап зада истода буд, дигариаш ҳеҷ чиз нагуфта аз кисааш кордча баровард. Маълум буд, ки ман "нерусский". Шароит барои гурез набуд. Духтаре, ки ҳамроҳашон буд "баллончик"-и газро баровард ва сақичашро ба рӯи ман туф кард ва газро ба чашми ман пошид. Ман сарамро хам кардаму чашмонамро пӯшондам ва дар ҳамин лаҳза тавонистам, ки ба бародаронам занг занам. Бародаронам фақат попӯшиҳошонро пӯшиданду баромада ба тарафи ман давиданд, дар наздикии хона... То онҳо расиданд, ки ба ман як-ду кордча заданд. Кастет мегӯянд, нӯгаш кордча дорад. Ду кордча ба сари китфам расид, хун бисёр рафт, бехуд шудам. Бародарҳоям расиданд ва ба ман ёрдам карда, онҳора зада якнима карданд. То ин вақт аллакай ба пушти ман 8 кордча заданд. Хайрият, ки ин зарбаҳо рӯякӣ рафт, агар чуқури бад мерафт, ман мемурдам. Дар чашмам як кордчаи дигар заданд, ки ман ғалтидам. Хун бисёр рафт. Бародарони ман инро дида, бо онҳо кашокаш карданд, дар ҳамин вақт кордчаи худашон дар бадани яктояшон даромад. Пеш аз ин вақте, ки ман ғалтидам, яктоаш омада аз тори сари ман кордчаро чуқур ба сари ман заданӣ буд. Дар ҳамин ҳолат бародари ман аз қафои вай давидааст ва аз болои ман дур кардааст, ки маро накушад. Агар бародарам намедавид, вай маро мекушт. Мардуми раҳгузар ҳам буданд. Омаданд, фиғон бардоштанд. Коре карда, маро аз дасти онҳо халос карданд. Онҳо ба як тараф гурехтанд, мо ба як тараф. Мо тарафи беморхона омадем. Дар назди хона беморхона ҳаст. Хун бисёр рафт, аз ҳуш қариб рафта будам. Захмҳои маро дорӯ карданд, бастанд. Дар ҳамон ҳолат миллатгароҳо ҳам дар он ҷо пайдо шуданд. Онҳо ҳам ёрии таъҷилӣ фарёд карданд, ҳамаамонро як беморхона бурданд. Ҳуҷҷатҳои моро гирифтанд ва то ҳоло кашокаш доранд. Бародарони моро ҳам ба ин кашокаш бурдаанд, ки шумо онҳоро захмӣ кардед. Мо худамонро муҳофизат кардем. Онҳо мегӯянд, ки гӯё бародарони ман онҳоро зада бошанд, ҳамла карда бошанд. Онҳоро ҳама медонанд, ки кӣ ҳастанд ин миллатгароҳо, маълуманд. Милиса ҳам медонад.

Суол: -Фирдавс, оё шумо ба ягон идораи Тоҷикистон дар он ҷо муроҷиат кардед?

Фирдавс: -Бале, вақте ки ман дар беморхона хоб будам, бародарони ман ба консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург занг заданд, ба назари Мирзода. Онҳо гуфтанд, ки ҳодиса чӣ аст ва мо дар куҷо хобем.

Мо баъд аз ин сӯҳбат бо Назари Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, занг задем ва ӯ ин ҳодисаро таъйид кард ва гуфт, баъд аз беназмиҳои миллатгароён дар Маскав ҳоло дар Санкт-Петербург низ гурӯҳҳои хурд-хурди се-чаҳор нафарӣ пайдо шудаанд ва ба ғайрирусҳо ҳамла мебаранд.

Вале ӯ гуфт, ки ҳамла ба Фирдавс кори дасти сартарошидаҳои Санкт Петербург аст. Оқои Мирзода гуфт, мехоҳанд дар ин ҳамла тоҷиконро гунаҳгор кунанд. Ба гуфтаи вай, ҷамъияти тоҷикон, ки вай ҳоло раҳбариашро бар ӯҳда дорад, мехоҳад, ки ба ин бародарон вакили мудофеъ ва тарҷумон пайдо кунад.