НАНСМИТ хостори ислоҳоти системаи расонаҳо шуд

Ассотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бо пахши як изҳорот зарурати бозсозии системаи воситаҳои ахбори омма дар кишварро матраҳ карда, хостори фароҳам овардани шароити мусовӣ барои расонаҳои расмӣ ва мустақил шудааст. Таҳлилгарони ин созмон мегӯянд, дар ҳоле, ки нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба мушкилоти зиёди молӣ рӯбарӯ ҳастанд, матбуоти расмӣ аз кумакҳои молии ҳангуфти буҷаи кишвар бархурдор аст ва ин система боиси рақобати носолим дар бозори матбуоти кишвар шудааст. Созмони НАНСМИТ бо интиқод аз обунаи, ба истилоҳ, «ихтиёрӣ-иҷборӣ» ба нашрияҳои расмии ниҳодҳои давлатӣ, гуфтааст, чунин шеваи ҷалби хонандагон ҳаққи шаҳрвандон ба интихоби сарчашмаҳои иттилоъро маҳдуд мекунад. Дар изҳороти ин созмон омадааст, Тоҷикистон имрӯз ба нашрияҳои нави мустақил ва шабакаҳои радио ва телевизиони ҷамъиятӣ ниёз дорад.
Чунин изҳороти НАНСМИТ дар ҳолест, ки қаблан вакилони парлумони Тоҷикистон ба ҳангоми баррасии буҷаи давлатӣ барои соли 2010 масъалаи коҳиши кумакҳои молии буҷавӣ ба расонаҳои расмиро матраҳ карданд. Давлаталӣ Давлатзода, вакили Маҷлиси намояндагон, дар ин ҷаласа гуфт, нашрияҳои аксари ниҳодҳо ва мақомоти давлат имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар ягон нақше надоранд, вале ҳарсола аз буҷа барои онҳо маблағҳои ҳангуфт пардохт мешавад.
Тибқи иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар беш аз 360 нашрия фаъол аст, ки аз нисф зиёди онҳо мақоми расмӣ дорад. Ҳарсола барои ҳар як аз ин нашрияҳо аз 300 то 9 ҳазор долларӣ кумаки молӣ ироа мешавад.