Русия даъвои абарқудратиро надорад ва ба дигар кишварҳо ҳам тавсия медиҳад, ки аз ин гуна даъво парҳез кунанд. Ин изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мулоқоташ бо донишҷӯёни шаҳри Мумбайи Ҳиндустон пахш шуд.
Дар робита ба дифоъи зиддимушакӣ Медведев гуфт, Маскав аз бунёди сипари мушакии Аврупо таҳти сарпарастии НАТО фақат дар ҳоле пуштибонӣ хоҳад кард, ки Русия ҳам дар ин тарҳ ширкат дошта бошад.
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки Маскав аз узвияти доимии Ҳиндустон дар Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ мекунад ва аммо, афзуд ӯ, ислоҳот дар ин ниҳоди байнулмилалӣ кори саҳл нахоҳад буд.
Сафари Дмитрий Медведев ба Ҳиндустон имрӯз поён ёфт.