Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз бо як боздиди расмӣ вориди Деҳлӣ пойтахти Ҳинд шуд. Қарор аст, ӯ бо Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазир ва Пратҳибҳа Патил, раиси ҷумҳури Ҳинд мулоқот кунад. Русия умедвор аст, Ҳиндро барои аз сар гирифтани ҳамкорӣ бо фурӯшандагони силоҳи он кишвар мойил карда ва аз ҷумла дар мавриди фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ ба Ҳинд қарордод имзо мекунад. Тавсиаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин дар арсаи энержии атомӣ аз ҳадафҳои дигари сафари Дмитрий Медведев хонда мешавад. Ҳиндустон дар навбати худ мехоҳад, то барои соҳиб шудан ба курсии узви доимии Шӯрои Амният, ки сухан аз ислоҳи он меравад, ҳимояти Русияро ба даст орад.