Додситонии ноҳияи Восеъ дар нисбат ба ду нафар аз сокини ноҳияи Фархор, ки дар интиқоли ғайриқонунии шираи камол дар ҳаҷми бузург гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ин ду нафар ҳафтае қабл аз ҷониби кормандони Шӯъбаи корҳои Дохилаи ноҳияи Восеъ замоне боздошт шуданд, ки тасмими интиқоли беш аз 7 тона шираи камол ба давлати исломии Афғонистонро доштаанд. Хайриддин Ҷаъфаров, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия мегӯяд, ошкор шудани қочоқи шираи камол дар ҳолест, ки интиқоли он ба хориҷи кишвар мамнӯъ дониста мешавад.
Вай гуфт: «Дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи ҷамоати Гулистон мошини тамғаи КАМАЗ таҳти идораи Баротов Сайдалӣ, сокини Фархор боздошт гардид. Дар ин мошини боркаш дар 343 адад бочкаҳои пласмасӣ маводҳои бӯйноки рангашон сафед ба ширеши камол монанд пайдо шуд. Муайн шуд, ки дар ин КАМАЗ 7 тонаву 700 килограм шираи камол вучуд доштааст, ки мехостаанд, онро ба Афғонистон баранд».
Шартнома бо шаҳрвандони Афғонистон
Дар ҳамин ҳол Амиршо Ҷурақулов, сардори Шӯъбаи наботот ва ҳайвоноти Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, онҳо тавони пешгирӣ аз қочоқи шираи камолро надоранд, аз ин рӯ дар амри ҷилавгирӣ аз интиқоли он ба дигар мақомот такя мекунанд. Ӯ мегӯяд, то замони содир гаштани фармони президенти кишвар дар мавриди пешгирӣ аз интиқоли шираи камол садҳо тонаи он ғайрирасмӣ ба хориҷи кишвар бурда шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, бештар дар кӯҳистони минтақаи Кӯлоб шираи ин рустаниро шаҳрвандони Афғонистон, ки ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистон мешуданд, ҷамъоварӣ менаамуданд. Ҳоло бошад, ба қавли ӯ, барои коркард ва ҷамъоварии шираи камол шаҳрвандони Афғонистон расмӣ ба кор ҷалб мешаванд, вале содироти он комилан манӯъ дониста мешавад.
Ӯ афзуд: «Шаҳрвандони ҷумҳурии исломии Афғонистон барои коркарди шираи камол дар дохили Тоҷикистон тариқи шартнома ҷалб карда мешаванд, зеро онҳо таҷриба доранд. Онҳо то замони манъ кардани ин, солҳои дароз ғайриқонунӣ сарҳадро убур намуда, шираи камолро мечиданд. Ба онҳо на сарҳадбонони тоҷик кор доштанд ва на аз русҳо. Ҳоло онҳоро намегузорем, ки ғайриқонунӣ биоянд».
Шираи камол: «даъвои ҳамаи дардҳо»
Ин ҳам дар ҳолест, ки сад солаҳо боз шираи камол дар хонаводаҳои мардуми кӯҳистон ҳамчун дорӯ мавриди истифода қарор доштааст.
Бахтиёр Сафаров, як сокини маҳаллӣ мегӯяд: «Ёд дорам, ки вақте касал мешудем, шикамраву шамолзанӣ, модарам зуд, ба мо мурчакамол медод. Об карда дар танамон мешакид ё мехӯронд. Ҳозир ҳам мо онро ҳангоми беморшавии кӯдаконамон истифода мекунем. Умуман шираи мурчакамол ба ҳамаи дардҳо фоида дорад».
Кишти камол бо асп
Дар паи ҷамъоварии аз меъёр зиёд ва нодурусти шираи камол аксари майдони руиши ин навъи рустанӣ хароб шудааст. Амришо Ҷурақулов, корманди ҳифзи муҳити зисти минтақа мегӯяд, онҳо дар паи барқарори кардани руишгоҳҳои шираи камол ҳастанд.
"Супориш буд, ки аз ҳар ноҳия то 600-700 килограми тухмии камол ҷамъ кунем. Кишти он осон аст. Як нафар дар асп савор мешавад ва аз хурҷин гирифта ба ду тараф дар заминҳои даркорӣ пош медиҳад. Бо пой гаштан дар кӯҳу пушта мушки ласт, барои ин бо асп онро кишт мекунем. Дигар он худ месабзад", -афзуд, ӯ.
Таи як соли ахир дар минтақаи Кӯлоб қариб дар 200 ҳектор замин аз сари нав тухмии шираи камол кишт шудааст. Интиқоли шираи камол соле қабл тибқи фармони президенти Тоҷикистон мувақатан манъ эълон шудааст. Барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон миқдори калони қочоқи шираи камол мусодира мешавад.