Волидони се ноболиғи кушташуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз мақомоти интизомӣ хостаанд, то қотили фарзандонашон ба сангинтарин ҷазо маҳкум шавад.
Олим Бекназаров, падари се кӯдак, ки ахиран дар манзили истиқоматии худ дар кӯчаи ба номи Дзержинскийи шаҳри Қӯрғонтеппа бо зарбаҳои зиёди корд кушта шудаанд, мегӯяд, бо дидани ҷасадҳои оғуштаи хуни фарзандон ӯву ҳамсараш то ба ҳанӯз дар ҳоли шок қарор доранд ва наметавонад дар мавриди марги фаҷеи кӯдаконаш зиёд сӯҳбат бикунад.
Хабари қатли ваҳшиёнаи якбора се ноболиғи узви хонаводаи Бекназаровҳо – Шоҳҷаҳони 9-сола, Лобари 13-сола ва Наргиси 15-сола боиси сарусадоҳои мардумӣ ва вокунишҳои шадидулаҳни ҷомеаи маданӣ шудааст. Зимнан, тафтиши парвандаи ҷиноятии марбут ба ин ҳодисаро додситони кулли Тоҷикистон ва вазири умури дохилаи кишвар зери контроли худ гирифтаанд.
Боздошти гумонбар
Масъулони милисаи маҳаллӣ мегӯянд, дар пайи амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ қотили кӯдаконро кашф кардаанд. Офоқи Қодириён, раҳбари маркази матбуотии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар ин иртибот гуфт:
«Дар ин куштор Фирдавс Саидов, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад. Ҳангоми амалиёти боздошти нафари муттаҳам аз ӯ ду адад корд мусодира шуда, дар ангуштарии дасташ пайи хун мушоҳида шудааст. Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Фирдавс Саидов парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва ҳоло тафтишот идома дорад».
Хонум Қодириён афзуд, нафари муттаҳам даст доштани худ дар қатли се ноболиғро иқрор кардааст.
Ба радиои Озодӣ имкони нодир даст дод, то бо Фирдавс Саидови 18-сола, ки дар қатли ваҳшиёнаи кӯдавони оилаи Бекназаровҳо гумонбар дониста мешавад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом бидиҳад.
Нишондодҳои гумонбар
Фирдавс мегӯяд, чанд муддат ҳамроҳ бо падари кӯдакони кушташуда Олим Бекназаров дар бозори марказии Қӯрғонтеппа нозукиҳои тиҷорату савдоро омӯхта, аз наздикони хонаводаи ӯ маҳсуб мешудааст. Вай гуфт, аз Олим Бекназаров миқдоре маблағ бидеҳкор буда, маҳз ҳамин қарздориаш ӯро ба қатли кӯдакони ҷаноби Бекназаров таҳрик додааст.
Ӯ саҳнаи ин ҷинояти сангинро тасвир кард ва гуфт, агар бачаҳо шоҳиди дуздии ӯ намешуданд, шояд зинда мебуданд. Қотили се кудаки ноболиғ гуфт, баъди қатли бачаҳо пулҳоро гирифта аз хона бадар рафтааст. Ба хотири он ки падари бачаҳо ба ин ҷиноят даст доштани ӯро ошкор накунад, Фирдавс дубора ба бозор, ба назади Бекназаров баргаштаст ва аз пули дуздӣ миқдореро ҳамчун бозгарони қарз ба падари бачаҳо додаст.
Фирдавс аз манзили ҳамкораш ду ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳашт ҳазор сомониро ба яғмо бурдааст..
Мусоҳибони дигари мо, ки аз ақрабои оилаи Бекназаровҳо будаанд, мегӯянд, волидони ноболиғони кушташуда ба ҳадде ба Фирдавс Саидов эътимод доштаанд, ки ба ӯ маблағи ҳангуфтеро ба қарз дода, ҳамчунин калиди манзили зисташонро низ ба ӯ бовар кардаанд:
«Кӯдакон ба Фирдавс одат карда буданд, бемалол дари хонаро ба ӯ мекушоданд. Вай аз хона 2 ҳазор долларро гирифта, ба Олим додаст, гуфтаст, ки ин қарзи гирифтаам. Боз гуфтааст, ки биё Душанбе равем, як кас пул ваъда кардагӣ, қарзи боқимондаатро медиҳам. Якҷоя Душанбе рафтаанд. Вақте мо занг задем, падараш ҳайрон шуд, якҷо бо Фирдавс ба Қӯрғонтеппа омаданд. Вай дар маросими ҷаноза дар паҳлӯи падари кӯдакон буд. Модари кӯдакҳо то ҳоло карахт аст. Баъд акаи Олим дарк кардааст, ки қотил ҳамин Фирдавси шогирдаш аст…»
Манобеъи наздик ба милисаи Хатлон мегӯянд, нафари муттаҳам нисбат ба яке аз духтарони кушташуда ҳамчунин дастдарозӣ низ кардааст.
Куштор "аз рӯи сенарии филм"
Аммо Фирдавс Саидов, ки дар қатли кӯдакон гумонбар дониста мешавад, мегӯяд, куштори кӯдаконро аз рӯйи сенарии як филме, ки ахиран тамошо кардааст, анҷом додааст.
Дар навбати аввал Шоҳҷаҳони 9-сола, ки шоҳиди дуздии маблағ аз хонаашон будааст, кушта шуда, баъди чанде хоҳаронаш Лобар ва Наргис, ки танҳо аз мактаб баргаштаанд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Дар мактаби рақами 12-и Қӯрғонтеппа, ки се ноболиғи кушташуда дар онҷо таҳсил мекардаанд, пас аз ҳодисаи қатли ноболиғон дарсҳои махсуси тарбиявӣ доир шуда, аз тамоми муҳассилин тақозо шудааст, ҳангоми рафтуомад ба мактаб аз эҳтиёти тамом кор бигиранд.
"Наргису Лобар намунаи ибрат буданд"
Мӯҳтарама Камолова, роҳбари синфи Наргис Бекназароваи 15-сола, мегӯяд, хабари марги фаҷеъабори Наргис ва хоҳару додари ӯ тамоми муҳассилин ва устодонро дар таълимгоҳҳои Қӯрғонтеппа такон додааст:
«Ҳама ҳайрон ҳастанд аз ин фоҷеа. Тамоми духтарону писарон меоянд, афсӯс мехӯранд, ба хонаи Наргису Лобар барои ҳамдардӣ мераванд, гиря мекунанд. Мо албатта нигарон ҳастем аз тақдири шогирдони худ ва ба онҳо таъкид мекунем, ки ҳушёр бошанд, то қурбони ҳамин хел ҳодисаҳо нашаванд. Наргису Лобар бо баҳои аъло таҳсил мекарданд ва барои шогирдони синфҳои узбакии мактаби мо намунаи ибрат буданд…»
Мақомоти мактаби мазкур тасмим доранд, овезаеро бо акси кудакони кушташуда дар саҳни мактаби рақами 12-и Қӯрғонтеппа насб кунанд. Ҳар толибилм дар пешорӯи ин лавҳаи ёдбуд шамъи хотира мегузорад.
Ба сурати умум, имсол дар қаламрави вилояти Хатлон 36 ҷинояти куштор дар ба вуқӯъ пайвастааст, ки қатли се ноболиғ дар Қӯрғонтеппа аз пурсарусадотарини онҳо ба шумор меравад.